Хабар

Дар Тоҷикистон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул карда мешавад

Дар Тоҷикистон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул карда мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.

Фаъолияти пойгоҳи зилзиласанҷии «Симиганҷ» расман барқарор карда шуд

Фаъолияти расадхонаи геофизикии «Симиганҷ»-и Академияи илмҳо, воқеъ дар километри 25-уми самти шимолу шарқи Душанбе расман барқарор карда шуд.

Дар Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ баргузор мегардад

Рӯзҳои 18-19 октябр дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Ӯзбекистон иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ /ШВКХ СҲИ/ доир мегардад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Ғайрат Фозилов зимни нишасти хабарӣ бахшида ба ин чорабинӣ иттилоъ дод.

Страницы