Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Лахш
Опубликовано пн, 26/09/2016 - 12:00 пользователем tvtСубҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Лахш роҳбарият ва сокинони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.