Хабар

Пешвои миллат Дилшод Назаровро бо медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ табрик намуд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт.

Дилшод Назаров дар Рио – 2016 медали тиллоро ба даст овард

Гурзандози  шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба  гурзандозӣ  тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи  78.68 м партоб намуда, медали тиллоро ба даст овард.

«Андалеб 2016»: санъаткорони ҳисорӣ 95 хол ба даст оварданд

Дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳаваскорони ноҳияи Ҳисор дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии худро пешкаши мухлисону   доварон гардониданд.

Страницы