Ифтитоҳи сардхонаи ҶДДМ «Субҳи Сарбанд» дар шаҳри Сарбанд
Опубликовано ср, 24/08/2016 - 12:06 пользователем tvtАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бо сафари корӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Сарбанд ба фаъолияти сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд» расман оғоз бахшид.


Пас аз ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, корхонаи азими сементбарорӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Қурғонтеппа – маркази вилояти Хатлон ташриф овард.