Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад
Опубликовано ср, 17/08/2022 - 07:58 пользователем tvt
ТВТ.17.08.2022. Дар Тошканд музокироти нави Машварати чоруми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.
Баргузории машварат 17-18 август дар назар аст. Он дар Узбекистон дар чаҳорчӯби раёсати ин кишвар дар СҲШ доир мешавад.


ТВТ.17.08.2022. Экипажи якуми дастаи Тоҷикистон баромади худро дар озмуни «Биатлони танкӣ» бо ғалаба оғоз намуд. Танкчиёни Тоҷикистон 15 август бо дастаҳои Абхазистон ва Судон ба марра баромаданд. Онҳо дар мусобиқаи инфиродӣ натиҷаи 34:32 нишон дода, дар ин гурӯҳ аз ҳарифонашон пеш гузаштанд.
ТВТ.17.08.2022. 15 август мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси ҶСП «Телевизион ва радиошунавонии Озарбойҷон» Ровшан Мамедов баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.