Санаҳои нави баргузории Бозиҳои 19-уми Осиё эълон шуданд
Опубликовано пн, 15/08/2022 - 11:09 пользователем tvt
ТВТ.15.08.2022. Шӯрои олимпии Осиё (OCA) санаҳои нави Бозиҳои 19-уми Осиёро дар Ҳангжоуи Чин эълон кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. «Бозиҳо соли оянда аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор хоҳанд шуд»,- таъкид намуданд дар КМО Тоҷикистон.


ТВТ.15.08.2022. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ба хабарҳои бардурӯғу беасос оид ба қатъи интиқоли оби ошомиданӣ бовар накунанд, омадааст дар иттилоияе, ки шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе интишор намудаааст.
ТВТ.15.08.2022. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳаҷми 61 млн сомонӣ сармоягузорӣ карда шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора ба Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода зимни боздид аз минтақаи мазкур иттилоъ дода шуд.