«Амонатбонк» барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб суратҳисоби махсус боз намуд
Опубликовано пт, 14/05/2021 - 14:45 пользователем admin
Бо мақсади анҷом додани амали хайрия ва расонидани кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби махсус кушода шуд.


Корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ аз шаҳру ноҳияҳо аз тариқи Бохтар озими Кӯлоб шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.