Хабар

Истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ ошкор гардид

Дар натиҷаи аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе гузаронидани санҷиш ду далели истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ ошкор карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

Аз 31 декабри соли  равон  мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад.

Муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани ному насаб кам карда мешавад

Минбаъд  ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном  ва (ё)  номи падар дар муддати на дертар аз  як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад. Ҳамзамон дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани ариза  понздаҳ рӯз дароз карда мешавад.

Страницы