Хабар

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминобод

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминобод мулоқоти самимӣ доир карданд.

Ба истифода додани роҳи мошингарди пайвасткунандаи шаҳраки Мӯъминобод ва деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод ҳамзамон роҳи 7-километраи шаҳраки Мӯъминободро мавриди истифода қарор доданд. Роҳи мазкур, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой пайваст мекунад, солҳо таъмирталаб буд ва ба бошандагони ин деҳаҳо мушкилӣ эҷод мекард.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатиро дар маркази ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи муҳташаму зебои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аҳли фарҳанг Сарвари давлатро бо самимияти хосса истиқбол гирифта, барои чунин ҳадяи арзишманд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Страницы