Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодаи замин, ҷамъоварии ҳосили картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Гулистони ноҳияи Муъминобод
Опубликовано пт, 25/09/2020 - 11:41 пользователем admin225 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод ҳамчунин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуда, дар Хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадҷон” ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.
Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 5 гектар замин дошта, асоси фаъолияти онро кишту парвариши зироати кишварзӣ, аз ҷумла, картошкаву пиёз ва дигар намуди сабзавот ташкил медиҳад.


