Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ
Опубликовано чт, 24/09/2020 - 16:27 пользователем admin224 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои истиқболи самимӣ ва анҷоми тадбирҳои созанда ба хотири рушду пешрафти як гӯшаи диёр изҳори сипос намуданд.

