Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона ва маркази ҳунарҳои мардумии «Шарора»-ро дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавии “Шарора”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Меҳмонхонаи сеошёна аз 18 ҳуҷра иборат буда, имкони қабули 40 нафар мизоҷро дорад.

Он аз ҷониби бонуи соҳибкор Шарора Ҳакимзода ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Кӯлоб

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ дар шаҳр шинос шуданд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ва зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Нимаи дуюми 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сокинони меҳнатқарину сарбаланди ин шаҳри бостонӣ Пешвои муаззами миллатро дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб бо самимияту эҳтироми хосса истиқбол гирифтанд.

Страницы