Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи фарҳангии «Офтобак»-ро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ дар ноҳияи Вахш боздид намуданд
Опубликовано ср, 23/09/2020 - 12:22 пользователем adminАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ҳамчунин Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” -ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ дидан карданд.
Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҷиҳати истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

