Хабар

Парлумон масъалаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба мансаб таъйину озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии ин ниҳодро баррасӣ кард

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони шукргузори маркази вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритус мулоқот намуданд

Баъд аз ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус ва шиносоӣ бо шароити он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Страницы