Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшида, ба ятимони кулл дар ноҳияи Шаҳритус туҳфаҳо супориданд

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус ҳамзамон ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшиданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Страницы