Чор кӯдаки ноболиғ аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
Опубликовано пн, 28/05/2018 - 09:20 пользователем tvtБо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик субҳи 26 майи соли 2018 Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дахлдори кишвар чор кӯдаки ноболиғро аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.


Аввали моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣбаргузор мегардад, ки ба кори он намояндагони аҳли адаби ҷумҳуриҳои Афғонистон,Покистон Туркия ва Россия даъват шудаанд.