Сомон Маҳмадбеков: «Хурсанд аз онам, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зери Парчами Тоҷикистони азиз баромад менамоям»
Опубликовано вт, 11/12/2018 - 10:51 пользователем admin
Паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки чанде пеш дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали тилло гардида буд, шоми 10 декабр ба Ватан баргашт. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷони Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зикр шуд, ки паҳлавони ҷавони тоҷикро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини


Дастаи мунтахаби духтарони то 16-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи якуми интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футбол миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи «С» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо мунтахаби Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ қувва озмуда, бо натиҷаи 3:0 ғалаба кард.
Кумитаи миллии олимпӣ ба панҷ намуди варзиши барномаи Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2022, ки маконаш пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин- шаҳри Пекин интихоб шудааст, тағйирот ворид намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ташкилоти бузурги варзишии ҷаҳонӣ иттилоъ додааст.