Парлумон ба лоиҳаи қонунҳои марбут ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тағйирот ворид менамояд
Опубликовано пн, 22/01/2018 - 16:51 пользователем tvt
Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасмим дорад, ки ояндаи наздик ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намояд.


Тибқи қарори комиссияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 175 нафар варзишгарон соҳиби дараҷа ва унвони «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёри «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд.
Муваффақияти паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷараён дорад, идома ёфта истодааст. Дар рӯзи сеюми рақобатҳо паҳлавонони тоҷик баромади сазовор намуданд. Дар ин рӯз боз як медали нуқраи дигар ба хазинаи варзишии Тоҷикистон зам гардид.