Вакилони Маҷлиси намояндагон мушкилоти экологиро баррасӣ карданд

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон танҳо як масъала «Зарурати таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзёбии таъсир ба муҳити зист» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагон Одина Ҳаёт иброз намуд, ки солҳои охир олимон ба мушкилоти муҳити зист диққати махсус медиҳанд. Ба масъалаҳои таносуби экологӣ, экосистема, буҳрони экологӣ, фалокати экологӣ на танҳо олимони фанҳои табиатшиносӣ, балки ходимони давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ низ таваҷҷуҳ доранд.
Таъкид карда шуд, ки инкишофи босуръати илму техника дар охири асри гузашта боиси рӯз ба рӯз ифлос шудани муҳити зист бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва биологӣ гардидааст. Замоне фаро расидааст, ки ҳар як шахс алоқамандии байни организм ва муҳити атрофро дарк намояд ва барои нигоҳдории баробарвазнии экологӣ дар табиат саҳмгузор бошад. Мушкилоти экологӣ, бадшавии ҳолати муҳити зист ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсиргузор мебошад.
Бояд гуфт, ифлосшавии ҳавои атмосфера бо роҳи ғайримустақим, яъне ба воситаи тағйирёбии иқлим, вайроншавии пардаи озонии биосфера ва боронҳои кислотагӣ ба вуҷуд омада, ба саломатии одам таъсири бевосита мерасонад. Паҳншудатарин ифлоскунандаҳои ҳавои атмосфера оксиди нитроген, сулфур, гази карбонат, карбогидридҳо, фенол, аэрозолҳо, пайвастагиҳои бухоршавандаи металлҳои вазнин ва дигар мураккаботи органикию ғайриорганикӣ мебошанд, ки дар муҳити газмонанд дар ҳолати муаллақ мавҷуданд.
Аз нуқтаи назари аксари олимони ҷаҳон яке аз сарчашмаи асосии ифлосшавии таркиби атмосфера нақлиёти автомобилӣ ба ҳисоб меравад, ки дар таркиби газҳои сӯхташудаи хориҷкунандааш сурб ва оксиди карбон дорад. Дар шаҳрҳои калон то 50 фоиз ва дар шаҳрҳои калонтарин аз 85 фоиз зиёд ҳавои атмосфераро газҳои сухташудаи нақлиёти автомобилӣ ифлос мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: