Ҷоннок намудани корҳои поксозӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

chanoq.jpgБо иқдоми бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода роҳбарияти заводи муштараки «Анзоб» барои тоза намудани роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар минтақаи «Нақби Истиқлол» ёрии моддӣ ва техникӣ расониданд.
Барои тоза кардани қисми мошингарди роҳ аз тарма ду адад техникаи роҳдорӣ ҷудо карда шуд.
21-23 феврали соли 2017 ба зиёда аз 200 нафар ронандагоне, ки дар километри 100-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бинобар маҳкам будани роҳ истода буданд, хӯроки нисфирӯзӣ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ дода шуд.
Ҳамчунин кормандони Ситоди доимоамалкуданда, ки дар километри 72- и роҳ мавҷуд аст, бо маводи озуқаворӣ таъмин карда шуданд.
Дар ин раванд кормандони милитсия дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, барои бартараф намудани офатҳои табиӣ чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ менамоянд.