Доварони бозии финалии мусобиқаи Ҷоми AFC-2017 байни «Истиқлол» ва «Эйр Форс» муайян шуданд

Доварони бозии финалии мусобиқаи Ҷоми AFC-2017, ки дар он  дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ рақобат мекунанд, муайян шуданд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон  иттилоъ доданд, сардовари ин дидор рефери 39-солаи ФИФА Муҳаммад Абдулло Ҳасан аз Аморати Муттаҳидаи Араб таъйин гардидааст. Дар канораҳои майдон ба ӯ ҳамватанонаш  Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Ал-Ҳаммадӣ ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдулло Ал-Маҳрӣ кумак хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки рақобати ниҳоии сабқати Ҷоми AFC-2017   4  ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор хоҳад шуд. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии ҷавобии марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017-ро бо дастаи   «Бенгалуру»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:2 анҷом дода, аз рӯи натиҷаҳои ду дидор бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад ва роҳи худро ба даври ниҳоии ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ ҳамвор кард. Бозии ҷавобӣ миёни  дастаҳои «Истиқлол»-и  Душанбе  ва «Бенгалуру»-и Ҳиндустон дар варзишгоҳи «Кантерава»-и шаҳри Бангалори Ҳиндустон сурат гирифта, бо натиҷаи 2:2 ба поён расид.

Бояд зикр кард, ки дастаи футболи «Истиқлол» дар бозии аввал бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд. Ҳамин тариқ, дастаи футболи   «Истиқлол», ки аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, барои ширкат ба бозии ниҳоии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт. Бояд гуфт, ки дар таърихи бошгоҳи пойтахти кишварамон ин бори дуюм аст, ки дастаи «Истиқлол»    ба финали Ҷоми КФО роҳ меёбад. Қаблан соли 2015 онҳо то ба ин марҳила расида буданд.

Дастаи   футболи «Истиқлол» -и Душанбе дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр доир мешавад, бо  дастаи футболи  «Эйр Форс»-и Ироқ, барандаи Ҷоми КФО-2016 рақобат мекунад.

АМИТ "Ховар"