Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари бародари Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот иштироки сармояи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқро аз самтҳои судовари ҳамкорӣ маънидод карданд.
Баҳри расидан ба ҳадафҳои аз ин ҳам манфиатовар ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна таъсис додани Фонди рушди қатарӣ дар Тоҷикистон ва ташкили ширкати муштараки машваратии инвеститсионӣ зарур шумурда шуд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ, роҳандозии хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбеву Давҳа ва рушди соҳаи туризм аз самтҳои дигару муҳими ҳамкории оянда маънидод карда шуд.