Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори генералии Созмони кишоварзӣ ва озуқаи СММ (ФАО)

19 сентябр дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милал Хосе Гратсиано да Силва баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, татбиқи барномаҳои мушаххас ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва дигар масоилро муҳокима карданд.

Инчунин ҷонибҳо дар робита ба роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мубодилаи афкор анҷом доданд.

АМИТ "Ховар"