Тағаймуродзода Зоиршо

Тағаймуродзода Зоиршо (Зоиршои Тағоймурод) 21.04.1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2007 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - факултети журналист-тарҷумон дохил шудааст. Соли 2012 баъд аз хатми донишгоҳ дар идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар муддати 9 соли фаъолият дар идораи «Ахбор»-и ТВТ мавзўъҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангиро пайгирӣ ва бо сабку услуби хос пешниҳоди бинандагони «Телевизиони Тоҷикистон» намудааст. Барои хизматҳои шоиста аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» сарфароз гардидааст. Ҳамзамон аз ҷониби дигар вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати инъикоси саривақтии гузоришу барномаҳои соҳавӣ бо ифтихорнома ва медали ҷашнӣ қадрдонӣ шудааст.

Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва арабиро (0,5) медонад.Оиладор соҳиби 2 фарзанд.

Аз 1-уми январи соли 2021 ба ҳайси сармуҳаррири Идораи барномаҳои саноат ва энергетика фаъолият мекунад.