Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат
Опубликовано пн, 20/03/2017 - 16:05 пользователем tvt
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфтанд.


Ҳамватанони азиз!
Имрӯз дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони мактаби нав барои 1500 нафар хонанда дар ҳудуди литсейи рақами 55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе замина гузошт.