СУҒД: 25 автобуси тамғаи «ЛИАЗ» ба Хуҷанд ворид гардид
Опубликовано пн, 27/08/2018 - 17:03 пользователем admin
Боз 25 адад автобусҳои мусофиркашонӣ дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилояти Суғд ворид гардид, ки ҳадаф беҳсозии ҳолати кунунии хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Автобусҳои наву замонавӣ тамғаи «ЛИАЗ» буда, истеҳсоли Федератсияи Россия мебошанд.


Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар хатсайри № 2956 самти «Хуҷанд-Екатеринбург» дар минтақаи назорати гумрукии Фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд» мусофир Пӯлотов Фирдавс Давронҷоновичро аз муоинаи шахсӣ гузаронида, дар натиҷа дар бадани ӯ миёнбанди худсозро ошкор намуданд, ки дар он асъори хориҷӣ ба маблағи умумии 3 миллион рубли Россия дарёфт шуд.
25 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ ва асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад. Намоиши мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад.