Пазироии ҳунармандони барҷастаи Ӯзбекистон дар даромадгоҳи «Кохи Борбад»
Опубликовано чт, 08/03/2018 - 18:10 пользователем tvt
Тавре пештар хабар додем, имшаб ҳайати фарҳангӣ ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард. Ба ҳайати меҳмонон сарояндагон, навозандагон ва раққосони зиёди маъруфи Ӯзбекистони бародар, аз ҷумла Ҳунарпешагони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков, Бунёдбек Саидов ва дигарон шомил мебошанд.


Дирӯз тавассути хатсайри шабона ҳайати фарҳангӣ ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода истиқбол гирифтанд.
Имрӯзҳо бо шарофати иродаи сиёсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев раванди беҳбуди қобили таваҷҷуҳе дар муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.