Хабар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия пазироӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба  шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “рушди ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо боқӣ хоҳад монд”.

Страницы