Хабар

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

28.12.2024, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд»

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд.

Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ,  инчунин стипен

Страницы