Сарбозон дар Хуҷанд ҳунари ошпазию сартарошӣ омӯхтанд
Опубликовано пт, 07/02/2020 - 16:52 пользователем admin
Ба 74 нафар сарбози қисми низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ аз рӯи ихтисосҳои ошпаз, устоҳои сартарош, барқ ва мутахассиси техникаи санитарӣ (сантехник) шаҳодатнома супорида шуд.


Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе мардони 30, 32 ва 59-сола, сокинони ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Хоруғ бо гумони интиқол ва хариду фурӯши ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир карда шуданд.