Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Президент омодагӣ мебинанд
Опубликовано ср, 13/11/2019 - 11:05 пользователем admin
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.


16 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор мегардад.
19-20 ноябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бахшида ба 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» Форуми байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.