Хабар

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр, соати 10:00, дар Муассисаи давлатии «Наврўзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди аспдавонӣ баргузор мешавад. Дар  ин бора  аз Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Дар Душанбе ва Хуҷанд барои намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ ташкил мешавад

Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ 12 ва 14 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд барои намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ доир менамояд.

Тифлаки дусола, ки дар ҳуҷраи оббозӣ маҳкам гардида буд, наҷот дода шуд

Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тифлаки дусоларо, ки дар ҳуҷраи оббозӣ маҳкам шуда буд, наҷот доданд.

Страницы