Хабар

Сафири нави Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита ба Душанбе омад

12 ноябр дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита нусхаи эътимодномаи худро ба муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд.

Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт

11 ноябр дар ал-Кувайт мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Страницы