Хабар

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Муғулистон эътимоднома супорид

7 ноябр дар шаҳри Улан – Батор Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Хайрулло Ибодзода эътимодномаи хуро ба Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга супорид.

Хонандагони вилояти Суғд соҳиби Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ гардиданд

Аз  25 октябр то 3 ноябр дар шаҳри  Анталияи Ҷумҳурии Туркия бо ширкати 1000 нафар хонандагон аз 14 давлати  ҷаҳон аз фанҳои химия, биология, забони англисӣ, география ва математика олимпиадаи байналмилалӣ доир гардид. Дар он хонандагони тоҷик аз фанни биология соҳиби Ҷоми олимпиада гардиданд.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт Рӯзи милитсияро таҷлил намуданд

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бахшида ба Рӯзи милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, барномаи  идона бо иштироки кормандони ин ниҳод ва собиқадорони соҳа  баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Страницы