Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода
Опубликовано сб, 16/08/2025 - 16:59 пользователем tvtДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон, истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

