Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматии сокинони аз заминларза зарардидаро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба водии Рашт аз ноҳияи Тоҷикобод ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъулин, сокинон ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ сеюмин иншооти соҳаи маориф аст, ки санаи 15-уми август бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт.

Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода

ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/.  16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон, истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Страницы