Хабар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва  Хадамоти алоқа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд

ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос намояндагони воломақоми Давлати Қатар самимона истиқбол гирифтанд.

Страницы