Ширкати «Сомон Эйр» ҳамкориро бо ФФТ идома медиҳад
Опубликовано ср, 16/01/2019 - 17:55 пользователем admin
Ширкати ватании «Сомон Эйр» ҳамкории худро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон идома медиҳад. Бо ин мақсад дар қароргоҳи ФФТ шартномаи ҳамкории ин ниҳодҳо ба имзо расид. Ноиби ФФТ Дилшод Ҷӯраев ва директори тиҷоратии ширкати мазкур Абдулқосим Валиев ин санадро ба имзо расониданд.


Дар доираи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм дар мавзеъи мамнуъгоҳи он бинои нави Осорхонаи замонавии сеошёна бунёд мегардад. Дар ин бора сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм Норинисо ХУДОЁРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА иттилоъ дод.
Боғу токпарварӣ аз бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, он дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва инчунин содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, ҳамасола дар қаламрави мамлакат садҳо гектар токзору боғҳои нав бунёд ва боғҳои кӯҳна барқарор мегарданд.