Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳарбии муштараки мақомоти сарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардид
Опубликовано пн, 24/12/2018 - 19:30 пользователем admin21-22 декабри соли равон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳарбии муштараки Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.