Хабар

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи «Чор миллат» иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат», ки аз 15-ум то 23-юми январ дар шаҳри Давҳаи Қатар барпо мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора сомнати расмии ФФТ хабар медиҳад.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ охири моҳи январ оғоз мешаванд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва агентию идораҳо 28 январи соли 2019  оғоз мегарданд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳамарӯза аз ҷониби якчанд вазорату кумитаҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба дилхоҳ саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.

Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи ММ ва МН МО доир мегардад, ки дар он Президенти мамлакат ба Парлумон Паём мефиристанд

26 декабр дар шаҳри Душанбе   ҷаласаи ҳафтуми  якҷояи Маҷлиси  миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати панҷум баргузор мегардад.

Страницы