Каратэчиёни тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ сазовори 9 медал гардиданд
Опубликовано чт, 20/12/2018 - 09:53 пользователем adminВарзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба каратэ WKF миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 9 медал (4 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин бора аз Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.