Хабар

Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳарорат ба 41 дараҷа мерасад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо  гармии ҳаво то 41 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 6 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе масъалаи ҷалби бештари сайёҳони Россия ба Тоҷикистон баррасӣ гардид

Дирӯз раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Кораблин  мулоқот анҷом дод.

Страницы