Дар шаҳри Хоруғ 39 фурӯшгоҳи машруботи спиртӣ, ки бе иҷозатнома фаъолият доштанд, баста шуданд
Опубликовано вт, 05/06/2018 - 16:37 пользователем tvtБо супориши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамаи нуқтаҳои фурӯши машруботи спиртӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Дар натиҷаи санҷиши муштараки кормандони бахши вилоятии «Тоҷикстандарт», прокуратура, Маркази санитарию эпедимологӣ маълум гардид, ки аз 48 ошхонаву тарабхона, қаҳвахонаву мағоза 39 адад бе иҷозатномаи мақомоти шаҳрдорӣ ба фурӯши машруботи спиртӣ даст задаанд.

