Хабар

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Москва бо Раиси Ҳукумати Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд

Дирӯз, 19 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки дар садри ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба шаҳри Москва сафар кард, бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия иттилоъ доданд.

Дар Вашингтон ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати консалтингии «NAVIGANT» машварати корӣ доир намуд

17 апрели соли равон ҳайати Бонки милли Тоҷикистон /БМТ/ дар доираи сафар ба шаҳри Вашингтони ИМА бо намояндагони Ширкати консалтингии «NAVIGANT» машварати корӣ доир намуд. Зимни машварат масъалаҳои нақши муносибатҳои муросилатӣ ва имконияти барқарор намудани онҳо баррасӣ шуданд. Дар ин бора аз Бонки милли Тоҷикистон хабар доданд.

Страницы