«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҒАМХОРИ ЯТИМОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши ятимони кул доир гардид
Опубликовано пт, 20/04/2018 - 12:37 пользователем tvtИмрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таҳти сарпарасти Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории силсила чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳамоиши ятимони кул таҳти унвони «Пешвои миллат – ғамхори ятимон» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 50 нафар ятимони кул иштирок ва суханронӣ намуданд.