Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст
Опубликовано ср, 11/04/2018 - 09:20 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Имрӯз, 11 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳо боридани борон ва дар баландиҳои 2000 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-11 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.