Дар Тоҷикистон Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) баргузор мегардад
Опубликовано пн, 16/04/2018 - 09:40 пользователем tvt
17 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон баргузор мегардад.


13 апрели соли 2018 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея Ли Ён Хо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, баргузор гардид.