РАЁСАТИ БДА ВКД: ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мошинҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда сафар накунед!
Опубликовано пт, 20/04/2018 - 14:49 пользователем tvtРаёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш ва талаб менамояд, ки бо мошинҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар накунанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.


Дирӯз, 19 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки дар садри ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба шаҳри Москва сафар кард, бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия иттилоъ доданд.
17 апрели соли равон ҳайати Бонки милли Тоҷикистон /БМТ/ дар доираи сафар ба шаҳри Вашингтони ИМА бо намояндагони Ширкати консалтингии «NAVIGANT» машварати корӣ доир намуд. Зимни машварат масъалаҳои нақши муносибатҳои муросилатӣ ва имконияти барқарор намудани онҳо баррасӣ шуданд. Дар ин бора аз Бонки милли Тоҷикистон хабар доданд.