Сурудаҳои тоҷикии Шералӣ Ҷӯраев рамзи дӯстӣ ва ҳусни неки ҳамҷавории тоҷикону ӯзбекҳо мебошанд
Опубликовано пт, 09/03/2018 - 11:56 пользователем tvt
Шоми имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе консерти пуршукӯҳи устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад.


9 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Ҳукумати мамлакат ва ротаи қаровули фахрӣ пешвоз гирифтанд.