Хабар

Ҳавои рӯзи аввали баҳор дар Тоҷикистон боронӣ мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз-дар рӯзи аввали баҳор дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ карда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.

Имрӯз, 1 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истиқлолият яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин рӯ баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукуҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гарданд.

Страницы